Нахустин корхонаи хиштбарорӣ дар Тоҷикистон бо истифодаи роботҳо

Дар ноҳияи Ҳисор корхонаи хиштбарории «Корвони аср» бо истифода аз технологияи механикишудаи истеҳсолот ва дастгоҳи муосири роботишуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сардори Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Парвиз Ҷабборов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти роботишуда кори корхонаро ба таври назаррас осонтар намуда, ба […]

Заррина Эргашева



Дар ноҳияи Ҳисор корхонаи хиштбарории «Корвони аср» бо истифода аз технологияи механикишудаи истеҳсолот ва дастгоҳи муосири роботишуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сардори Раёсати технологияҳои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Парвиз Ҷабборов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти роботишуда кори корхонаро ба таври назаррас осонтар намуда, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот имкон медиҳад.

«Дар ин корхона 86%-и корҳоро механизмҳои роботишудаи истеҳсоли Чин ва боқимонда 14%-и корҳо дастӣ ба иҷро мерасанд. Агар бо тарзи пурраи кори дастӣ дар як сол то 3 млн. донаи шартии хишт истеҳсол мешуд, бо тарзи механикишуда иқтидори корхона ба истеҳсоли то 5-6 млн. донаи шартии хишт дар як сол меафзояд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 130 млн. дона хишт истеҳсол карда шуда, бо назардошти мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмон, дар вазорат умедворанд, ки имсол истеҳсоли он то ба 140 млн. дона расонида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.