АНМН: Мусодираи 5 кило ҳашиш дар ноҳияи Дарвоз

Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) дар ВМКБ 5 килограмм маводи нашъаовар мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар наздикии деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи ВАЗ-2108, таҳти идораи сокини ноҳия боздошт гардид. «Дар натиҷаи кофтукови дохили автомашина аз пеши нишастгоҳи мусофир як […]

ASIA-Plus



Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) дар ВМКБ 5 килограмм маводи нашъаовар мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар наздикии деҳаи Зинги ноҳияи Дарвоз автомашинаи тамғаи ВАЗ-2108, таҳти идораи сокини ноҳия боздошт гардид.

«Дар натиҷаи кофтукови дохили автомашина аз пеши нишастгоҳи мусофир як қуттии картонӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он чор адад бастаи латтапеч бо маводи нашъаовари навъи гашиш бо вазни 5 кг мавҷуд буд», иттилоъ медиҳад Агентӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.