Натиҷаҳои судманди тадбирҳои шаҳрдории пойтахт дар бозори истеъмолӣ

Таҳлилҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи аввали сипаришавандаи  моҳи Рамазон шаҳодат медиҳанд, ки тадбирҳои андешидаи шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, баҳри таъмини коҳиши нархҳои 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия натиҷаҳои судманд медиҳанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, рақамҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus



Таҳлилҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи аввали сипаришавандаи  моҳи Рамазон шаҳодат медиҳанд, ки тадбирҳои андешидаи шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, баҳри таъмини коҳиши нархҳои 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия натиҷаҳои судманд медиҳанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории пойтахт, рақамҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 3 июли соли 2014 собит месозанд, ки нархҳои 20 намуд маҳсулоти дар марзи шаҳр танзимшаванда назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Турсунзода (карам -2, 0, равғани растанӣ-8,0,  шакар-5,0 сомонӣ), Ҳисор (бехпиёз-1,8, шакар-5,0, гӯшти гов-38 ва гӯсфанд-40 сомонӣ), Рашт (картошка-3,0, бехпиёз-2,0, сабзӣ-3,0, карам -3,0, помидор -3,0, бодиринг-3,0, шакар-5,0, тухм-0,80,  биринҷ-9,0, равғани растанӣ-10 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-2,0, сабзӣ-2,3, бодиринг-2,3, шакар-5,0, гӯшти гов-37, харбуза- 15 сомонӣ), Хуҷанд (картошка-2,4, шакар-5,0, харбуза -15  сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.

Гуфта мешавад, гузашта аз ин баъд аз мудохилаи шаҳрдорӣ ба ин раванд ба ҳолати 4 июли соли ҷорӣ нархҳои 25 намуди маҳсулоти мониторингӣ  дар бозори истеъмолӣ  нисбати 1 июли ҳамин сол 19% коҳиш ёфтанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.