ФФТ беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳи июнро эълон кард

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи июн муайян кард. Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба дафтари матбуоти ФФТ, Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Кароматулло Саидов, нимҳимоятари «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон, беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ […]

ASIA-Plus



Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи июн муайян кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба дафтари матбуоти ФФТ, Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Кароматулло Саидов, нимҳимоятари «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон, беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ ва ёваридовари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз шаҳри Душанбе беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуданд.

Гуфта мешавад, ба беҳтаринҳои моҳи май ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.

Қобили зикр аст, ки легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март, Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”, беҳтарин бозигар, Алишер Тухтаев, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи апрел, Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани тими “Истиқлол”-и Душанбе, беҳтарин бозигар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуда буданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.