МТС: Роҳ ёфтани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро хатари асосӣ ба амният аст

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки ба амнияти Тоҷикистон асосан роҳ ёфтани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро хатар эҷод мекунад. «Таҳдидҳо ба амнияти кишвари мо гуногунанд, ҳам дохиливу ҳам беруна, аммо таҳдиди бештар воқеӣ аз тоҷикистониёни ҷавони гумроҳшуда бармеояд, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб шудаанд», – гуфт […]

Пайрав Чоршанбиев



Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки ба амнияти Тоҷикистон асосан роҳ ёфтани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро хатар эҷод мекунад.

«Таҳдидҳо ба амнияти кишвари мо гуногунанд, ҳам дохиливу ҳам беруна, аммо таҳдиди бештар воқеӣ аз тоҷикистониёни ҷавони гумроҳшуда бармеояд, ки ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб шудаанд», – гуфт Сафаров зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

Ӯ зикр кард, ки имрӯз садҳо шаҳрвандони ҷавони кишвар дар Сурияву Покистон ва Афғонистон қарор доранд.

«Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он қисмате аз ҷавонони мо аз мактабу маориф канор монда, қисмати дигар дар дурӣ аз волидон ба воя мерасанд, ки барои таъмини рӯзгори оилаи худ маҷбуранд дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ кунанд. Чунин шароитҳо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароро осон мекунанд», – иброз дошт С.Сафаров.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нимаи дуюми соли равон кормандони марказ як таҳқиқоти махсусе гузарониданианд, ки дар он ба ошкор кардани сабабҳои узвияти ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва роҳу воситаҳои пешгирии он таваҷҷуҳи хосса  зоҳир мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.