«Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» дар Қӯрғонтеппа зеристгоҳ месозад



Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба сохтмони зеристгоҳи 110/35/10 кВ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳусни оғоз бахшиданист.

Мутобиқи қарори ҳукумат, барои сохтмони зеристгоҳи мазкур 1 гектар замин (обёришаванда)-и хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудо карда шуд.

Мувофиқи моддаи 42-и Кодекси замини Тоҷикистон, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав ба ивази замини ҷудошуда, ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» ба ҷуброни маблағи 108 ҳазору 567 сомонӣ ба буҷети кишвар ба сифати воситаҳои рӯёнида аз талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ уҳдадор аст. «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ба ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои замину кадастр вазифадор карда мешавад», – зикр мегардад дар қарори ҳукумат.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ҶСК ««Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» дар ноҳияҳои Хуросон, Румӣ, Бохтар, Сарбанд, Шаҳритӯс, Носири Хусрав, Қумсангир, Панҷ, Вахш, Қубодиён, Ҷиликӯл ва Ҷомии вилояти Хатлон ба тақсим ва фурӯши нерӯи барқ машғул мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное