Коршинос: Интихобот дар Афғонистон буҳрон дар заминаи миллатгаройиро ба вуҷуд овард



– Маъракаи интихоботи президентӣ дар Афғонистон ба тамоми ҷаҳониён собит кард, ки ҳузури беш аз даҳсолаи ИМА ва шарикони ӯ дар НАТО дар ин кишвар асосҳои бесобиқаи демократия дар минтақаро замина гузоштанд ва иштироки фаъоли мардуми афғон дар ҷараёни интихобот гувоҳи ин гуфтаҳост, – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, коршинос оид ба масъалаҳои Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад.

Ба гуфтаи ӯ, амалҳои президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳаммаслакони ӯ, ки акнун мансабҳоро тарк мекунанд, бо даст задан ба тақаллубкорӣ дар натиҷаҳои интихобот ва нодида гирифтани иродаи аксари мардум, тамоми саъйу талошҳои демократикунонии ҷомеаи афғонро ба нестӣ бурданд.

Дар идома ӯ зикр кард, ки натиҷаҳои пешакии чанде қабл эълоншудаи интихобот, ки дар он собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пирӯз меояд, як кӯшиши Карзай ва дастаи ӯ баҳри ташаккул додани афкори ҷомеа то эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот аст.

«Баъди мансабро тарк намудан, Карзай дар кишвари худ гардиши нави буҳронро ба вуҷуд овард, ки аллакай бар заминаи миллатгаройӣ асос ёфтааст», – афзуд коршинос.

Мутобиқи натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Афғонистон, ки аз ҷониби раиси Комиссияи мустақили интихоботӣ Юсуф Нуристонӣ зимни конфронси матбуотӣ дар Кобул эълон шуд, дар ин маърака собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай – 56,44% ва собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон Абдулло Абдулло – 43,56%-и раъйи интихобкунандагонро касб кардаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот санаи 24-уми июл маълум мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное