Коршинос: Интихобот дар Афғонистон буҳрон дар заминаи миллатгаройиро ба вуҷуд овард

– Маъракаи интихоботи президентӣ дар Афғонистон ба тамоми ҷаҳониён собит кард, ки ҳузури беш аз даҳсолаи ИМА ва шарикони ӯ дар НАТО дар ин кишвар асосҳои бесобиқаи демократия дар минтақаро замина гузоштанд ва иштироки фаъоли мардуми афғон дар ҷараёни интихобот гувоҳи ин гуфтаҳост, – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, коршинос оид ба […]



– Маъракаи интихоботи президентӣ дар Афғонистон ба тамоми ҷаҳониён собит кард, ки ҳузури беш аз даҳсолаи ИМА ва шарикони ӯ дар НАТО дар ин кишвар асосҳои бесобиқаи демократия дар минтақаро замина гузоштанд ва иштироки фаъоли мардуми афғон дар ҷараёни интихобот гувоҳи ин гуфтаҳост, – гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» сиёсатшиноси тоҷик, коршинос оид ба масъалаҳои Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад.

Ба гуфтаи ӯ, амалҳои президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва ҳаммаслакони ӯ, ки акнун мансабҳоро тарк мекунанд, бо даст задан ба тақаллубкорӣ дар натиҷаҳои интихобот ва нодида гирифтани иродаи аксари мардум, тамоми саъйу талошҳои демократикунонии ҷомеаи афғонро ба нестӣ бурданд.

Дар идома ӯ зикр кард, ки натиҷаҳои пешакии чанде қабл эълоншудаи интихобот, ки дар он собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пирӯз меояд, як кӯшиши Карзай ва дастаи ӯ баҳри ташаккул додани афкори ҷомеа то эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот аст.

«Баъди мансабро тарк намудан, Карзай дар кишвари худ гардиши нави буҳронро ба вуҷуд овард, ки аллакай бар заминаи миллатгаройӣ асос ёфтааст», – афзуд коршинос.

Мутобиқи натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Афғонистон, ки аз ҷониби раиси Комиссияи мустақили интихоботӣ Юсуф Нуристонӣ зимни конфронси матбуотӣ дар Кобул эълон шуд, дар ин маърака собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай – 56,44% ва собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон Абдулло Абдулло – 43,56%-и раъйи интихобкунандагонро касб кардаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот санаи 24-уми июл маълум мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.