Гумонбарии шаҳрванди Қирғизистон ба қатли оилаи Халлоқовҳо аз Исфара

Зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода изҳор кард, ки дар қатли хонаводаи Халлоқовҳо аз ноҳияи Исфара шаҳрванди Қирғизистон гумонбар дониста мешавад. Ӯ зикр кард, ки ҷинояти куштори пурсарусадои оилаи Халлоқовҳо иборат аз 4 нафар ошкор гардида, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 28-солаи […]

Мавлуда Рафиева



Зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода изҳор кард, ки дар қатли хонаводаи Халлоқовҳо аз ноҳияи Исфара шаҳрванди Қирғизистон гумонбар дониста мешавад.

Ӯ зикр кард, ки ҷинояти куштори пурсарусадои оилаи Халлоқовҳо иборат аз 4 нафар ошкор гардида, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 28-солаи Қирғизистон Нурйигит Нуралиев гумонбар дониста шудааст.

«Мо алҳол хулосаи ташхис аз Маскавро интизорем ва вақте ташхиси генетикӣ дастрас шуд, масъалаи ирсоли парванда ба Прокуратураи генералии Қирғизистон ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ин шаҳрванд ҳаллу фасл мешавад», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 20-уми августи соли 2013 дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо истифода аз силоҳи оташфишон чор нафар – ҳама аъзои як оила ба қатл расонида шуданд. Дар бинои хоҷагии деҳқонии «Участок-5», ки бо вилояти Боткенди Қирғизистон ҳаммарз аст, посбони бинои хоҷагӣ Абдуқаҳҳор Халлоқов, ҳамсараш, духтараш ва наберааш кушта шуда буданд.

Ҳамчунин ошкор шудааст, ки Нурйигит Нуралиев санаи 5-уми сентябри соли 2013 ба содир намудани чунин ҷиноят дар қаламрави кишвари худ даст зада, оилаи Эралиевҳо иборат аз 6 нафарро ба қатл расонидааст ва аз ҷониби мақомоти интизомии Қирғизистон боздошт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.