Имрӯз дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешавад

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон 19 сол қабл Қонун «Дар бораи забон»-ро ба тасвиб расонид, ки дар он мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа муайян карда шуд. Мутобиқи Конститутсияи ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шуда, забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шудааст. Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон 19 сол қабл Қонун «Дар бораи забон»-ро ба тасвиб расонид, ки дар он мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа муайян карда шуд. Мутобиқи Конститутсияи ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шуда, забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо дониста шудааст.






Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ нахустин шуда ба забони модарии аҳолии ҷумҳурӣ мақоми забони давлатиро сзовор донист.





Айни замон тамоми санадҳои давлатӣ ва қонунҳо бо забони тоҷикӣ таҳия гардида, сипас ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.





Соли 2008 дар қаламрави ҷумҳурӣ Соли гиромидошти забони тоҷикӣ эълон гардидааст.





Айни замон ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати ҷумҳурӣ маҷлиси ботантана доир шуда истодааст.





Имрӯз дар шаҳри Душанбе сайругашти оммавии шаҳрвандон, ҳунарнамоии санъаткорон, намоиши ва фурӯши маҳсулот дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли Комсомол» ва ва майдони «800-солагии Маскав» баргузор мешаванд.





Бегоҳӣ ҳамин гуна чорабиниҳо инчунин дар маркази фарҳангии «Пойтахт-80» (Амфитеатр) низ доир мегарданд, ки дар он аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҳунариву эҷодии дигар ва зиёиёни кишвар иштирок хоҳанд кард.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.