Мизони таваррум дар нимсолаи аввал 4,5%-ро ташкил дод

Нимсолаи аввали соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи июни соли ҷорӣ суръати афзоиши мизони таваррум 0,1% поин рафтааст. Қобили зикр аст, ки дар зарфи 5 моҳи соли 2014 мизони таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи аз 0,4% дар моҳи январ то ба 1,3% дар моҳи апрел […]

ASIA-Plus



Нимсолаи аввали соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, моҳи июни соли ҷорӣ суръати афзоиши мизони таваррум 0,1% поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 5 моҳи соли 2014 мизони таваррум дар Тоҷикистон дар сатҳи аз 0,4% дар моҳи январ то ба 1,3% дар моҳи апрел қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Бонки миллӣ, тайи 12 моҳи ахир сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ ба 6,6% барробар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли равонро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми соли гузашта дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.