Хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору 678 гектар замини кишти пунбадона шартнома бастанд

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ, ки соли равон бори нахуст амалӣ мегардад, миёни хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору 678 гектар замини кишти пунбадона шартномаҳо ба имзо расиданд. Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо кӯмаки бонкҳо ҳамчунин дар байни […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ, ки соли равон бори нахуст амалӣ мегардад, миёни хоҷагиҳову бонкҳо оид ба маблағгузории қарзии 92 ҳазору


678 гектар

замини кишти пунбадона шартномаҳо ба имзо расиданд.






Муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бо кӯмаки бонкҳо ҳамчунин дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои фючерсӣ оид ба маблағгузории боз 100 ҳазору

647 гектар

замини кишти пунбадона шартнома баста шудааст.





Ба гуфтаи ӯ, дар майдони 35 ҳазору

608 гектар

хоҷагиҳо бо маблағҳои худӣ кор мекунанд.





«Ҳамин тариқ, 228 ҳазору

933 гектар

ё худ 90,2 фоизи майдони мувофиқи нақша пешбинишудаи заминҳои кишти пунбадона маблағгузорӣ карда шудаанд, – гуфт муовини вазир. – Маблағи умумии шартномаҳои баимзорасида 433 млн. 809 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 205 млн. ё худ 42,3 фоизи он аллакай азхуд карда шудаанд.





Ёдрас мекунем, ки тибқи механизми нави сармоягузории соҳаи пахтакорӣ ба

1 гектар

2 ҳазору 770 сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад (ҳудуди $808). Мувофиқи маълумоти ахири вазорати кишоварзӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 29 ҳазору 200 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.






 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.