Вохӯрии ниҳодҳои қудратии вилоятҳои Суғду Ботканд дар Исфара

Дар шаҳри Исфара рӯзи душанбеи ҳафтаи равон вохӯрии ниҳодҳои қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон баргузор шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ ва ҳамкории ҷонибҳо дар таъмини амну субот дар ноҳияҳои наздимарзӣ баррасӣ шуданд. «Ҷонибҳо дар масъалаи […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Исфара рӯзи душанбеи ҳафтаи равон вохӯрии ниҳодҳои қудратии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон баргузор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, дар вохӯрӣ масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи наздимарзӣ ва ҳамкории ҷонибҳо дар таъмини амну субот дар ноҳияҳои наздимарзӣ баррасӣ шуданд.

«Ҷонибҳо дар масъалаи аз силоҳи оташфишон истифода накардан зимни ба вуҷуд омадани ҳолатҳои мухолифатомез ва ғайримуқаррарӣ тавофуқ ҳосил карданд», – иброз дошт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар самти Исфараи марзи давлатии кишварҳо, ки рӯзи 10-уми июл аз тири марзбонони қирғиз 1 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид, устувору нисбатан ором боқӣ мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.