Дар зарфи ним сол ММД Тоҷикистон аз 3,5 млрд. $ зиёд шуд

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 17 млрд. 880 млн. сомонӣ (зиёда аз 3,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки бо нархҳои таносубӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 6,7% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар давоми моҳҳои январ-июни соли равон […]

ASIA-Plus



Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 17 млрд. 880 млн. сомонӣ (зиёда аз 3,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки бо нархҳои таносубӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 6,7% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар давоми моҳҳои январ-июни соли равон ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва лавозимоти истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо бештар аст, ки ба 17,6% баробар мебошад.

Ҳиссаи андоз – 16,4%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор – 15,5%, саноат ва энергетика – 12,6%, сохтмон – 8,9%, бахши кишоварзӣ, шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ – 13,2 ва ғайраро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки бо нархҳои таносубӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Дефлятори ММД дар соли гузашта 4,3%-ро ташкил дод. Соли ҷорӣ ММД-и кишвар дар ҳаҷми беш аз 46 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.