Ҷ.Данн: ХБА кӯмаки худро ба Тоҷикистон дареғ намедорад

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи дурнамои сиёсати иқтисодӣ аз тавсияҳои муфиди Хазинаи байналмилалии асъор пайваста истифода мебарад”.

Ба иттилои манбаъ, ба масъалаи коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолатҳои бӯҳронӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии кишвари мо ба шумор мераванд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, Ҷонатан Данн изҳор доштааст, ки Хазинаи байналмилалии асъор барои татбиқи бомаром ва босамари ислоҳоти иқтисодӣ кумакҳои техникии худро ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳониву минтақавӣ дареғ намедорад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.