Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар зан, ки ба фиристодани занон ҷиҳати танфурӯшӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб машғул буданд, оғоз гардид.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, мурофиа дар бинои суди шаҳр ҷараён дошта, се нафар занон, сокинони шаҳри Хуҷанд дар даст доштан ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. «Ду нафари онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 130 (Хариду фурӯши одамон) ва зани сеюм мутобиқи моддаи 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон нигоҳ доштани он)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешаванд», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маслиҳати пешакӣ онҳо ду нафар духтарон, сокинони шаҳри Хуҷандро бо ваъдаи ҷойи кор ва маоши шоиста фиреб карда, аслан ҷиҳати ба танфурӯшӣ машғул шудан ба шаҳри Дубай фиристоданӣ будаанд. «Ҳангоми ба Дубай фиристодан духтарон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.



