Оғози баррасии парвандаи ҷиноии занони далла дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар зан, ки ба фиристодани занон ҷиҳати танфурӯшӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб машғул буданд, оғоз гардид. Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, мурофиа дар бинои суди шаҳр ҷараён дошта, се нафар занон, сокинони шаҳри Хуҷанд дар даст доштан ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар […]

Мавлуда Рафиева



Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати се нафар зан, ки ба фиристодани занон ҷиҳати танфурӯшӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб машғул буданд, оғоз гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, мурофиа дар бинои суди шаҳр ҷараён дошта, се нафар занон, сокинони шаҳри Хуҷанд дар даст доштан ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. «Ду нафари онҳо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 130 (Хариду фурӯши одамон) ва зани сеюм мутобиқи моддаи 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон нигоҳ доштани он)-и Кодекси ҷиноии ҶТ  айбдор карда мешаванд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, тибқи маслиҳати пешакӣ онҳо ду нафар духтарон, сокинони шаҳри Хуҷандро бо ваъдаи ҷойи кор ва маоши шоиста фиреб карда, аслан ҷиҳати ба танфурӯшӣ машғул шудан ба шаҳри Дубай фиристоданӣ будаанд. «Ҳангоми ба Дубай фиристодан духтарон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуданд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.