Шумори осебдидагони тоҷикистонӣ дар садамаи метрои Маскав ба 5 нафар расид

Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз садама дар метрои шаҳри Маскав рӯзи 15-уми июл осеб дидаанд, ба 5 нафар расид. Дар ин бора субҳи имрӯз сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, миёни ҷароҳатбардоштагон боз як ҳамватани мо – сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Содиқов низ […]

ASIA-Plus



Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз садама дар метрои шаҳри Маскав рӯзи 15-уми июл осеб дидаанд, ба 5 нафар расид. Дар ин бора субҳи имрӯз сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, миёни ҷароҳатбардоштагон боз як ҳамватани мо – сокини шаҳри Душанбе Ҳамза Содиқов низ ҳузур доштааст, ки ҳангоми садама ҷароҳати сабук бардошта, шоми рӯзи 15-уми июл аз бемористон рухсатӣ шудааст.

«Маълумоти чанде аз васоити ахбори умуми Русия дар бораи ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористонро айни замон мо тасдиқ карда наметавонем, вале кормандони мо мудом бо бемористонҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҳо бистарианд, дар тамос буда, агар маълумоте дастрас гардад, мо хабар хоҳем дод», – иброз дошт номбурда.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аз садамаи субҳи рӯзи 15-уми июл рухдода дар метрои шаҳри Маскав 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд. Вазъи солимии ду нафари онҳо – Мӯминшо Муносибшоев ва Наимҷон Мавлонов хеле вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳои №64 ва №7-и шаҳри Маскав қарор доранд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, ҳамчунин сокини 37-солаи шаҳри Душанбе Зафарбек Сайфуллоев аз китфи чапаш ҷароҳат бардошта, ба бемористони №31 мунтақил шудааст. Вазъи солимии ӯро табибон қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Вазъи солимии боз як тоҷикистонӣ – Далер Қурбонов, ки дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ аст, низ қаноатбахш мебошад.

Васоити ахбори умуми Русия иттилоъ медиҳанд, ки шумори фавтидагон то ин дам ба 22 нафар расида, миёни ҳалокшудагон як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Чин низ ҳузур доштаанд.

КоммерсанЪ

менавсиад, аз ин садама 11 шаҳрвандони хориҷӣ осеб дидаанд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 15-уми июл дар метрои шаҳри Маскав садама рух дода, тибқи маълумоти ахир, бар асари он 21 тан ҳалок ва 160 нафар осеб дидананд, ки вазъи солимии 42 нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. Имрӯз дар Маскав ба мносибати ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи мотам эълон мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.