Ба «баҳси бозор» бо додарарӯси президент нуқта гузошта шуд



Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи зинаи таҷдиди назари Суди иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 11-уми июл қарори Суди олии иқтисодии ҶТ бетағйир боқӣ гузошта шуда, саҳмияҳои бозори хусусии «Ином» дар ноҳияи Шаҳритӯс миёни ҷонибҳои баҳс – Бурҳон Абдуллоев ва Холназар Достиев баробар тақсим карда шуданд.

Аввали соли ҷорӣ Санавбар Абдуллоева, ҳамсари директори бозор Бурҳон Абдуллоев ба васосити ахбори умум изҳор намуд, ки моликияти онҳоро додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев азхуд карданист.

Ба гуфтаи зан, соли 2005 оилаи онҳо дар музояда корхонаи собиқи нақлиёт (АТП-19)-ро харида, тасмим гирифтаанд, ки дар ҷойи он бозор месозанд ва дар ин кор бо дӯсти оилаашон – Муҳибулло Саъдуллоев машварат кардаанд.

Ба қавли оилаи Абдуллоевҳо, аммо вақте бозор бунёду мавриди истифода қарор гирифтааст, Саъдуллоев аз онҳо талаб намудааст, ки нахуст бинои маъмурии бозор (туҳфа шуда, аммо ба номи Холназар Достиев, хеши Саъдуллоев ба расмият дароварда шудааст) ва сипас 50%-и саҳмияҳои бозорро ба ӯ ҳадя кунанд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ва раиси ҳайати мушовараи зинаи таҷдиди назар оид ба ин парванда Мародбегим Ширинбекова дар ин робита зикр кард, ки баҳс атрофи бозори «Ином» чандин маротиба баррасӣ шуда, ҳатто як маротиба ҷонибҳо ба созиш расидаанд, вале баъдтар чун мавқеи ягона дарёфт нашудааст, созиш бекор гардидааст. «Қарори Суди олии иқтисодӣ дар бораи тақсим баробари саҳмияҳо аллакай мавриди амал қарор гирифт», – иброз дошт ӯ.

«Намедонам бо кадом сабабе ВАО ҳамеша дар бораи додарарӯси президент ҳарф мезананд, ҳарчанд тарафҳо дар парвандаи мазкур – Абдуллоев ва Достиев мебошанд. Дар ҳеҷ ҷое номи додарарӯси президент зикр нашуда, ӯ ба сифати тарафи сеюм ба парванда ҷалб шудааст ва дар ҳеҷ ҷое мо манфиатҳои ӯ дар ин парвандаро надидаем», – гуфт вай.

Ба қавли Ширинҷонова, қарор бар асоси якчанд ҳуҷҷатҳо ва шоҳидии 42 соҳибкори ин бозор оид ба тасдиқи ба сохтмони бозор маблағгузорӣ кардани Достиев қабул шудааст.

«Зимни ҷаласаи сайёр дар ноҳияи Шаҳритӯс соҳибкорони бозор тасдиқ карданд, ки бозори «Ином» натанҳо аз ҳисоби маблағҳои Абдуллоев сохта шудааст, балки ба бунёди он Достиев ва 42 соҳибкори бозор низ саҳмгузоранд. Ин парванда аллакай маротибаи 4-ум баррасӣ шуда, дар ҷараёни ҷаласаи судӣ ба Достиев тааллуқ доштани нисфи бозор собит карда шуд. Ғайр аз ин, ӯ молики бинои маъмурии бозор мебошад, ки худи Абдуллоев ба Достиев ҳадя кардааст», – қайд кард номбурда.

Ба савол дар бораи чаро танҳо баробар тақсим шудани бозор дар ҳоле ки ба он ҳамчунин 42 соҳибкори хусусӣ низ маблағгузорӣ кардаанд, муовини раиси Суди олии иқтисодӣ посух дод, ки ин соҳибкорон ба фоиз ё саҳмияе довталаб набуда, аз ин рӯ, иншоот танҳо миёни ҷонибҳои баҳс тақсим карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное