Кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Фархор далели куштори духтарчаи 10-соларо таҳқиқ мекунанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аввали ҳафтаи равон ноболиғи 11-сола Ш.Ш.аз дохили ҳуҷраи манзили истиқоматиашон камони шикории падарашро гирифта, аз беэҳтиётӣ ба тарафи хоҳари 10-солааш гардонида, куланги силоҳро зер намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа хоҳараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, камони шикории тамғаи К-32 ба падари кӯдакон бо иҷозатнома аз тарафи ШВКД-и ноҳияи Фархор барои нигоҳдорӣ иҷозат дода шудааст.



