Сафари кории раиси ҲНИТ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт

Date:



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари кории раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт.






Роҳбари шӯъбаи таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гурӯҳи кории ҳизб аз 6 ноҳияи вилояти Суғд – Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ғончӣ ва Зафаробод боздид кардааст.





Мавсуф мегӯяд, ки дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи водии Зарафшон мулоқоту вохӯриҳо хуб сурат гирифтанд, вале дар се ноҳияи дигари вилоят гурӯҳи корӣ бо мушкилот мувоҷеҳ гаштааст.





«Моро бавижа мавқеи маъмурияти ноҳияи Шаҳристон ба тааҷҷуб гузошт, зеро онҳо нахостанд, бо мо гуфтушунид кунанд», – гуфт ӯ.





Дар вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод масоили норасоии об ва тақсимоти замин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳамчунин сокинони ҳамаи ноҳияҳоро масъалаи сатҳи барномаҳои телевизионӣ давлатӣ ба ташвиш гузоштааст, – идома дод Ҳ.Сайфуллозода. – Ба назари онҳо барномаҳои телевизиони давлатӣ воқеияти зиндагиро таҷассум намесозанд ва онҳо аз симову фарҳанги миллӣ дуранд». Ҳ.Сайфуллозода чунин изҳори назар кард, ки шояд маҳз бо ҳамин сабаб дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд то ҳол нуфузи шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон назаррас аст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...