Ҷаласаи навбатии колегияи ВКД Тоҷикистону Русия дар Хуҷанд

Аз 10 то 12-уми август дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии муштараки ҳайати мушовара (колегия)-и Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев доир мегардад. Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур масоили […]

Аваз Юлдошев


Аз 10 то 12-уми август дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии муштараки ҳайати мушовара (колегия)-и Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.

Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев доир мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳамкории муштараки ниҳодҳо дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароии байнулмилалӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, муомилаоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалахои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз мақсади аслии ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар табодули маълумоти фаврӣ ва муҳим миёни давлатҳо аст, ки ба саривақт андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгарои байнулмилалӣ имкони мусоид фароҳам месозад.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи қаблии ҳайати мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия моҳи августи соли гузашта дар Маскав доир гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.