Ахири ҳафтаи равон кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ мудири кафедраи коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Олимҷон Тӯйчиеви 47-соларо дастгир намуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шудааст, ки дастгиршуда аз се нафар довталабон – сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои дохил намудани онҳо ба коллеҷ 600 доллари ИМА-ро ҳамчун пора талаб намудааст.
«Шаҳрванд Олимҷон Тӯйчиев дар назди ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми гирифтани маблағи пулӣ дастгир карда шуд», – омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, нисбати дастгиршуда бо моддаи 319 (Гирифтани пора)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



