Ифтитоҳи торнамои шабеҳи «Одноклассники» дар Тоҷикистон

Рӯзи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон шабакаи нави иҷтимоӣ – vipnet.tj амал мекунад, ки ба гуфтаи муассисаш, шабеҳи «Одноклассники» аст. Қобили зикр аст, ки шабакаи нави иҷтимоӣ дар Тоҷикистон замоне рӯйи кор омад, ки дастрасӣ ба торнамои русиягии «Одноклассники» дар ҷумҳурӣ қатъ шуда буд. Хатмкардаи гимназияи ба номи Низоми Ганҷавии пойтахт Ғанӣ Саломзода ба «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus



Рӯзи дуюм аст, ки дар Тоҷикистон шабакаи нави иҷтимоӣ –


vipnet.tj


амал мекунад, ки ба гуфтаи муассисаш, шабеҳи «Одноклассники» аст. Қобили зикр аст, ки шабакаи нави иҷтимоӣ дар Тоҷикистон замоне рӯйи кор омад, ки дастрасӣ ба торнамои русиягии «Одноклассники» дар ҷумҳурӣ

қатъ шуда буд.


Хатмкардаи гимназияи ба номи Низоми Ганҷавии пойтахт Ғанӣ Саломзода ба «Азия-Плюс» хоҳиши  таъсиси шабакаи нави иҷтимоии vipnet.tj дар Тоҷикистонро бо он маънидод кард, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» ва «ВКонтакте» маводу наворҳои видеоии тарғибкунандаи фаҳшу хушунат ва ҳатто даъват ба ҷиҳод хеле зиёд шуда, муассисони ин сомонаҳо онҳоро мавриди таҳриру арзёбӣ қарор намедиҳанд.

«Аз ин рӯ, дар торнамои мо нашри таблиғи фашизму зӯроварӣ, даъватҳои ифротгароёна, пахши маводи зидди шариати ислом ва мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ ва нақзкунандаи ҳуқуқҳои муаллифӣ манъ аст. Барои риоя накардани қоидаҳо хадамоти пайгирӣ бидуни огаҳӣ дастраси ба торнаморо қатъ мекунад», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бо гузашти ду рӯз дар vipnet.tj 253 нафар корбарон аз Тоҷикистону, Русия, Озарбойҷон ва Белорус сабти ном шудаанд. «Торнамо барои сабти 3 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, дар баробари афзудани шумори корбарон, мо сомонаи худро ба сервери дигар мегузаронем ва сафи корбаронро зиёд мекунем», – иброз дошт Саломзода.

Ба қавли номбурда, рӯйи таъсиси ин торнамо ӯ муддати ним сол кор карда, ҳамчунин дар ин кор ба ӯ дӯсташ Шаҳзод Қулиев низ кумак кардааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамзамон бо vipnet.tj аз 4-уми июн Ғанӣ Саломзода дар шабакаи Интернет низоми нави ҷустуҷӯии

holmes.tj

-ро низ ба кор надохт, ки дарёфти маълумоти зарурӣ дар дохили Тоҷикистонро осон мекунад.

Ғанӣ Саломзода ҳамин сол синфи 11-ро хатм карда, ҳуҷҷатҳои худро барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон супардааст ва аз синни 9-солагӣ ба барномарезӣ дар компютер майлу рағбат дорад. «Ман дар шабакаи Интернет портали видеойии озмоишӣ, шабакаи иҷтимоӣ ва низоми ҷустуҷӯи маълумот таҳия намудам ва худомӯз ҳастам», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.