Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарони кишварҳои Алҷазоиру Фаронса

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Алҷазоир  ва ба ҳалокат расидани шаҳрвандони давлатҳои Алҷазоиру Фаронса ба сарони ин кишварҳо Абдулазиз Бутефлиқа ва Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияҳо зикр мегардад, ки мардуми Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи ба садамаи ҳавоӣ дучор шудани ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Алҷазоир  ва ба ҳалокат расидани шаҳрвандони давлатҳои Алҷазоиру Фаронса ба сарони ин кишварҳо Абдулазиз Бутефлиқа ва Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияҳо зикр мегардад, ки мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари садамаи тайёраи мусофирбарро дар наздикии шаҳри Гаои Ҷумҳурии Малӣ, ки мӯҷиби марги теъдоди зиёди мусофирон гаштааст, қабул намуданд.

«Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона ба мардуми Алҷазоиру Фаронса, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва халқи Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон расонида шавад», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта ҳавопаймои мусофиркаши ширкати ҳавопаймоии Алҷазоир дар наздикии шаҳри Гаои Ҷумҳурии Малӣ ба садама дучор гардида, бар асари он 116 нафар шаҳрвандони кишварҳои гуногун, ки аксарашонро шаҳрвандони Алҷазоиру Фаронса ташкил медоданд,  ба ҳалокат расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.