Таъсиси фонди дастгирии занон дар ноҳияи Ёвон

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фонди дастгири занҳо таъсис дода шуд. Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев,  заноне, ки хоҳишу истеъдод доранду ба роҳандозии тиҷорати худ имконоти молӣ надоранд, метавонанд аз ҳисоби ин фонд кумак дастрас намуда, ба фаъолият оғоз кунанд. «Ин маблағҳо, ки аслан аз 2,5 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, […]

Сайраҳмон Назриев



Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон фонди дастгири занҳо таъсис дода шуд.

Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев,  заноне, ки хоҳишу истеъдод доранду ба роҳандозии тиҷорати худ имконоти молӣ надоранд, метавонанд аз ҳисоби ин фонд кумак дастрас намуда, ба фаъолият оғоз кунанд.

«Ин маблағҳо, ки аслан аз 2,5 то 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, қарз набуда, балки кумаки  бебозгаштанд. Андеша мекунам, бо ин роҳ мо имконият пайдо мекунем, ки садҳо занҳои ноҳияро бо ҷои кор таъмин кунем ва то андозае мушкили иҷтимоии онҳоро ҳал намоем», – иброз дошт раиси ноҳия.

Зимнан зикр гардид, ки занони хоҳишманди роҳандозии тиҷорат метавонанд ба шуъбаи занони ноҳия ҳуҷату дархости худро пешниҳод кунанд. «Мо дархости онҳоро омӯхта, барояшон маблағ ҷудо мекунем», – афзуд Амирбек Маҳмадалиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.