Табрикоти президент ба муносибати фарорасии Иди Рамазон



– Рӯзи бисту ҳаштуми июл моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи тоату ибодат ва мағфирату бахшиш анҷом меёбад ва барои тамоми мусулмонони олам иди саиду мубораки Фитр фаро мерасад, – чунин оғоз намуд паёми телевизионии худро ба муносибати иди саиди Фитр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

«Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд, ятимону муҳтоҷонро дастгирӣ мекунанд, ба арвоҳи гузаштагон дуои хайр мефиристанд ва аз даргоҳи Худои мутаол ба хешу наздикон саломативу хушрӯзӣ, бахту саодат ва барои Ватани маҳбуби худ суботу оромиро талаб менамоянд», – гуфт сарвари давлат.

Тавре ки сарвари давлат қайд кард, муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум онро баъди иҷрои яке аз фаризаҳои ислом – доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол мегиранд, зеро Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст.

«Дар ин лаҳзаҳо, ки мо дар арафаи ин иди мубораки суннатии мардумамон, яъне иди саиди Фитр қарор дорем, ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар фарди кишвар оромиву осоиш, хушҳоливу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям», – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар паёми телевизионии президент зикр гардид, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Конститутсия озодии эътиқод ва виҷдонро ҳамчун арзишҳои волои мардуми мусулмони мо ҳифз менамояд ва риояи онҳоро кафолат медиҳад.

«Дар ҷомеаи озоду демократие, ки бунёд карда истодаем, мо имкон дорем, ки паҳлуҳои нодиру созандаи таъриху фарҳанги миллӣ, аз ҷумла арзишҳои дини мубини исломро доир ба дастгирии ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон густариш дода, анъанаву маросимҳои эътиқодии худро бо арзишҳои миллии ватани азизамон рангу таровати тоза бахшем, зеро ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфию таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад», – таъкид дошт президент.

Сарвари давлат хотиррасон намуд, ки мардуми Тоҷикистон як маротиба даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва ҳаргиз фаромӯш намекунад, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ ба мо бар ивази чӣ қадар хисороти ҷониву молӣ муяссар шудааст.

«Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд», – изҳор кард Эмомалӣ Раҳмон.

Президент мутмаин аст, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзи мубораку хуҷаста сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон ва осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамояд.

«Ҳамчунин як масъалаи муҳимро бори дигар хотирнишон месозам, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак низ сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои оростани дастархони маънавӣ, яъне анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон ва дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, пирону ранҷурон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайр кӯшиш кунем», – гуфт президент.

Дар фарҷом сарвари давлат моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мардуми Тоҷикистонро бори дигар бо фаро расидани иди саиди Фитр табрик гуфт ва аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки онҳо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу намуд.

spot_imgspot_img

Популярное