Пешгирии хариду фурӯши ғайриқонунии тилло дар Хуҷанд

Кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд аз як ҳодисаи хариду фурӯши ғайриқонунии тилло ҷилавгирӣ намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар ин амали ғайриқонунӣ сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд Зафар Ӯлмасов, Наимҷон Зокирови 27-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрвани Эрон Шкарчи Маҷид боздошт шудаанд. «Муайян карда шуд, ки Зафар Ӯлмасов […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти милисаи вилояти Суғд аз як ҳодисаи хариду фурӯши ғайриқонунии тилло ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар ин амали ғайриқонунӣ сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд Зафар Ӯлмасов, Наимҷон Зокирови 27-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрвани Эрон Шкарчи Маҷид боздошт шудаанд.

«Муайян карда шуд, ки Зафар Ӯлмасов бо Наимҷон Зокиров рӯзи 8-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»”-и ш.Хуҷанд ақди ғайриқонунӣ баста, Зокиров бар ивази 1000-доллари амрикоӣ ба Ӯлмасов ба миқдори 26,41-гр метали рангаш зардро фурӯхтааст, – омадааст дар хабари ВКД. – Ҳамчунин Ӯлмасов бо шаҳрванди Эрон Шкарчи Маҷид рӯзи 12-уми июл дар шаҳри Хуҷанд ақди ғайриқонунӣ баста, аз ӯ бар ивази 2400-доллари амрикоӣ ба миқдори 54,78-гр метали рангаш зардро харидорӣ намудааст».

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи бадастомада, металлҳои мазкур «тилло»-и иёраш 999 буда, вазни умумиашон 81,17-гр ва арзишашон 16340-сомониро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.