Ҳукумат баҳри наҷоти «Барқи тоҷик» талош меварзад

Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки айни замон Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар ҳолати ноустувори молиявӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазъи ширкати «Барқи тоҷик» нигарон аст, зеро феълан қарзи ширкат аз буҷет 194 млн. сомониро ташкил дода ва ин ҳам дар ҳолест, […]

ASIA-Plus



Зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор намуд, ки айни замон Ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар ҳолати ноустувори молиявӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати ҷумҳурӣ аз вазъи ширкати «Барқи тоҷик» нигарон аст, зеро феълан қарзи ширкат аз буҷет 194 млн. сомониро ташкил дода ва ин ҳам дар ҳолест, ки қисмати зиёди қарзи он дар ҳаҷми 242,8 млн. сомониро ҳукумат аз этибор соқит карда буд.

«Нахуствазири ҷумҳурӣ роҳбари Шӯрои нозирони ширкати «Барқи тоҷик» ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор аъзои ин Шӯро таъин шуда, умедворем, ки фаъолияти ширкат беҳтар мегардад ва менеҷменти чанде қабл ивазшуда барои раҳо кардани ширкат аз вазъи душвор пурсамар тадбир хоҳад андешид», – қайд кард ӯ.

Дар робита ба болоравии тарифҳои истифодаи барқ Нуралиев зикр кард, ки агар ҷамъоварии маблағҳо мутобиқи тарифҳои нав дуруст ба роҳ монда шавад, ин ба вазъи молиявии ширкат таъсири мусбат мерасонад, зеро сухан сари 14 млрд. кВт/соат барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистион меравад ва агар талафот ба вуҷуд наояду маблағ дуруст ва саривақт ҷамъоварӣ гардад, метавон дар бораи комёбӣ ҳарф зад.

«Албатта, ба туфайли боло бурдани тарифҳо вазъ куллан тағйир наёфта, бидуни баргузории ислоҳот дар сохтор, беҳбуди сохтори ниҳодии ширкат ва коҳиши сатҳи талафот наметавон бобати беҳбуди вазъи молиявии ширкат сухан гуфт», – афзуд ӯ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.