Имзои созишномаи коркарди захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ» дар Душанбе

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати саноати куҳкории Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ» баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумита Қодири Қосим […]

ASIA-Plus



Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати саноати куҳкории Тоҷикистону Хитой» оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумита Қодири Қосим ва аз номи  «Ширкати саноатӣ куҳкории Тоҷикистону Хитой» президенти ин ширкат ҷаноби Хуна Сзянь Жунг ба имзо расониданд.

«Мутобиқи созишномаи мазкур сармоягузор тамоми уҳдадориҳо доир ба маблағгузории лоиҳаро ба зиммаи худ гирифта, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 200 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад ва татбиқи лоиҳа то соли 2018 идома меёбад», – омадааст дар хабари Кумитаи сармоягузорӣ.

Ба иттилои манбаъ, муддати 4 сол ширкати хитойӣ ният дорад, ки истихроҷи маъданҳои полиметалӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии корхонаи истихроҷ ва коркарди маҷмўии маъданҳои полиметалӣ дар кони Зарнисори Шимолӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғдро бо иқтидори 2 млн. тонна маъдан дар як сол, сохтмони корхонаи металлургии аз лиҳози экологӣ безарар бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор тонна сурб дар як сол, лоиҳакашӣ ва сохтмони дигар инфрасохтори зарури иҷтимоиро амалӣ намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.