Mail.Ru Group дар бораи қатъи дастрасӣ ба «Одноклассники» дар Тоҷикистон

Date:



– Қатъи дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» дар Тоҷикистон ба манфиатҳои корбарон зиён оварда, ҳамчунин таҷассумгари далели он аст, ки дар қонунгузории миллӣ дар ин бахш тартиби саҳеҳу шаффофи танзими мушкилоти мазкур пешбинӣ нашудааст, – гуфта мешавад дар изҳороти расмии хадамоти матбуоти Mail.Ru Group.

Дар изҳороти расмӣ зикр мегардад, ки шикоятҳои нахустин дар мавриди дастнорас будани шабакаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз рӯзи 18-уми июл расидаанд.

«Сарфи назар аз муроҷиатҳои сершумор ба мақомоти танзимкунандаи Тоҷикистон, ба мо муяссар нашуд, ки сабабҳои маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоӣ дар қаламрави кишварро маълум намоем. Аз ҷониби намояндагони ин мақомот ба мо ягон дархости расмӣ нарасидааст», – таъкид мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, раҳбарияти Mail.Ru Group за тамоми имконоташ истифода дорад, то ки ҳарчи зудтар дастрасӣ ба корбарони шабака дар қаламрави Тоҷикистонро барқарор намояд.

«Мо бар ин назарем, ки вазъи мавҷуда ба манфиатҳои ширкатҳои бузурги фароҳамсози интернет низ зиён оварда, қонунгузории кишвар махсусияти кори ширкатҳои фароҳамгари интернетро ба инобат намегирад», – омадааст дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 19-уми июл бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон хабар доданд, ки ба шабакаи «Одноклаасники»

дастрасӣ надоранд.

Инҳо корбарони ширкатҳои фароҳамсози интернети «Сатурн Онлайн», «Вавилон Т», «Мегафон Тоҷикистон», «Телеком Технолоҷи ва «Tcell» буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...