Лату кӯби то марги посбони ширкати «Азия Тобако Трейдинг»

Панҷ нафар ҷавонон посбони ширкати «Азия Тобако Трейдинг»-ро то марг лату кӯб намудаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, 30-юми июли соли ҷорӣ, соати 06:00-дақиқа ҷасади шаҳрванд Исмоилов Раҳим соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи кӯчаи  Хуҷамбиёи-болои ш.Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз ҳуҷраи посбонхонаи ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг”, воқеъ дар кӯчаи А. Мухторови ноҳияи Исомили […]

ASIA-Plus



Панҷ нафар ҷавонон посбони ширкати «Азия Тобако Трейдинг»-ро то марг лату кӯб намудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, 30-юми июли соли ҷорӣ, соати 06:00-дақиқа ҷасади шаҳрванд Исмоилов Раҳим соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи кӯчаи  Хуҷамбиёи-болои ш.Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз ҳуҷраи посбонхонаи ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг”, воқеъ дар кӯчаи А. Мухторови ноҳияи Исомили Сомонӣ дарёфт карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, баъди расидани хабар, бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти милитсия дарҳол гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз рӯи изи гарм ҷинояти содиршуда ошкор карда шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор шаҳрвандон Фаррух Норов ва Давлат Бӯриев, ҳарду 27-сола, Субҳон Бобоҷонови 23-сола, Бахтовар Нурови19-сола ва Суҳроб Боеви 29-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуданд, ки нафарони мазкур бо мақсади ғоратгарӣ ба ҶДММ “Азия Тобако Трейдинг” ворид шуда, посбони ин корхона Исмоилов Раҳимро бо чӯбдаст зада, аз ҳаёт маҳрум намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио