Салимзода: Дар ним сол 127 корманди ниҳодҳои интизомӣ ҷиноят содир намуданд

Зимни нишасти хабарии имрӯза Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли равон нисбат кормандони ниҳодҳои интизомии кишвар 127 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин саф шумори кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва низомиён бештар аст. Ба гуфтаи ӯ миёни ин парвандаҳо ҳолатҳои марбут ба коррупсия низ мавҷуданд, ки ба гумони […]

Маҳпора Киромова



Зимни нишасти хабарии имрӯза Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли равон нисбат кормандони ниҳодҳои интизомии кишвар 127 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин саф шумори кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва низомиён бештар аст.

Ба гуфтаи ӯ миёни ин парвандаҳо ҳолатҳои марбут ба коррупсия низ мавҷуданд, ки ба гумони даст доштан дар ин гуна ҷиноятҳо як корманди прокуратура ва ҳамчунин кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва судяҳо гумонбар дониста шудаанд.

«Мутаассифона, сарфи назар аз таоми талоши мо баҳри пешгирии ҷиноятҳо миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, боз ҳам онҳо ба ҷинояткорӣ даст мезананд. Мо кӯшиш мекунем, ки аз ҷониби кормандони мо ҳатто рафтори дағалона нисбати дигарон ба мушоҳида нарасад, вале боз ҳам омили инсонӣ нақши худро мебозад», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Салимзода, дар мақомоти прокуратура 872 нафар фаъолият дошта, кори ҳамарӯзаи онҳо таҳти назорат қарор дорад ва санҷишҳои ғайримунтазира гузаронида мешаванд. «Дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар телефонҳои боварии мо фаъолият доранд, аммо бо ин ҳама, имсол як қонуншиканӣ содир шуд», – қайд кард вай.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки чанде қабл ба президент маълумот додааст, ки дар зарфи 4,5 соли фаъолияташ барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун 12 корманди Прокуратураи генералиро аз кор озод кардааст.

«Аз ин шумор 5 нафарашон то замони ба сари вазифа омадани раҳбарияти нав (солҳои 2008-2009) фаъолият дошта, тайи 4,5 соли ахир 7 нафар корманди прокуратура ба ҷиноят даст заданд ва муддати 1,5 соли ахир бошад, танҳо як корманд ҷиноят содир кард, ки ин ҳам ба андешаи мо зиёд буда, барои ҳеҷ кадоме аз ҷинояткорон дар сафҳои мо ҷой нест», – қайд кард Салимзода.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки дар замони раҳбарияти ӯ боз 44 корманди мақомоти прокуратура барои роҳ додан ба қонуншиканиҳои гуногун, ки минбаъд ба содир шудани ҷиноят боис гашта метавонистанд, аз мансаб барканор шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио