Вохӯрии Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот […]



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин III-ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар бахшҳои амнияту мудофиа ва таъмини суботи минтақавӣ баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ҳамкории худро бо Амрико дар соҳаҳои мухталифи амниятӣ омили муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа медонад», -изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки «ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо хатару таҳдидҳои глобалӣ самарабахш аст».

Ллойд Остин III ба Эмомалӣ Раҳмон барои мусоидати фаъоли Тоҷикистон ба тарғиби ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои Афғонистон, хусусан пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар ва идомаи дастгирӣ аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи сарҳади тӯлонӣ бо ҳамсояи ҷанубии он гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Роҷеъ ба иштирок ва мусоидати Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии иқтисодию коммуникатсионӣ, ки ба густариши робитаҳои миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ва тавсиаи имконоти иқтисодӣ ва транзитии Афғонистон нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.