Суди гарнизони ҳарбии Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси хоҷагии деҳқонии «Ҳакимчон» -и ноҳияи Шаҳритӯс Давлатёр Ҳалимов, бародари собиқ қумондони нерӯҳои мухолифини тоҷик Алӣ Ҳалимов оғоз кард.
Бино ба гуфти раисикунандаи мурофиа, судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирмахсумиён Исмоил Муродбек, Д. Ҳалимов бо се модда – 335 қисми 2, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор дониста мешавад.
Аз маводҳои парванда бармеояд, ки Ҳалимов бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҷобир интиқоли 50 кг маводи мухадирро аз қаламрави Афғонистон тариқи сарҳадии давлати ба Тоҷикистон дар мавзеи ноҳияи Шаҳритӯс ташкил кардааст.
Ҳамчунин дар курсии айбдорӣ Зокирҷон Назаров, капитани Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ, хизматчии қисми ҳарбии 2720 Сарраёсати Қушуҳои сарҳадии ҚДАМ, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус нишастааст.
Аз маводи парвандаи ҷиноӣ бармеояд, ки З.Назаров ба ин гурӯҳ шомил буда, рӯзи 10 май хостааст маводи мухаддирро аз минтақаи сарҳадӣ берун барад, ки дар ин ҳолат боздошт шудааст.
Қобили зикр аст, ки Давлатёр Ҳалимов қаблан бо моддаи 200- КҶ ҶТ маҳкум гардида, мурофиа дар суди гарнизони ҳарбии Хатлон идома дорад.


