Дар Русия ҷавонзани тоҷик бо кӯдакаш аз ошёнаи 9-ум худро ба замин партофт

ASIA-Plus

Дар вилояти Маскави Русия ҷавонзани тоҷик бо кӯдакаш аз ошёнаи 9-уми яке аз биноҳои истиқоматӣ худро ба замин партофта, худкушӣ кардааст. Тавре сухангӯи намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Амадов хабар дод, пас аз расидани маълумот дар бораи ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон, бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия кормандони сафорат ва намояндагӣ бо мақсади ошкор […]



Дар вилояти Маскави Русия ҷавонзани тоҷик бо кӯдакаш аз ошёнаи 9-уми яке аз биноҳои истиқоматӣ худро ба замин партофта, худкушӣ кардааст.

Тавре сухангӯи намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Амадов хабар дод, пас аз расидани маълумот дар бораи ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон, бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия кормандони сафорат ва намояндагӣ бо мақсади ошкор кардани ҳолатҳои ҳодисаи мазкур ба шаҳри Звенигороди вилояти Маскав сафарбар шудаанд. Муайян карда шудааст, ки ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Трусунзода Уғулой Юлдошеваи 27-сола мебошад.

Шоми 2-юми август, тақрибан соати 21-00 Юлдошева бо кӯдакаш худро аз ошёнаи 9-уми бинои истиқоматии баландошёнаи воқеъ дар кӯчаи Радужнаяи шаҳри Звенигород ба замин меафканад. Дар натиҷа ҷавонзан дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, кӯдаки 2-сола Абӯбакр Қудратов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористони шаҳрӣ мунтақил мегардад. Баъди чанде ӯ ба пажӯҳишгоҳи ҷарроҳии фаврии кӯдакона ва осебшиносӣ ба Маскав фиристода шуда, дар дармонгоҳи Рошал барои наҷот бахшидани ҳаёти кӯдак мутахассисони варзида талош мекунанд.

Зикр гардид, ки кормандони сафорат ва намояндагӣ вазъи солимии кӯдакро пайгирӣ доранд. Баъди анҷоми расмиёти зарурӣ ҷасади ҷавонзани ҳалокшуда ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Дар шаҳри Звенигород Уғулой Юлдошева бо шавҳараш Акмал Қудратов ва писари 2-солааш Абӯбакр зиндагӣ мекардааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳодиса фоҷеабор бар асари ҷанҷоли оилавӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.