Аз ҳабси Ғаффор Мирзоев расо 10 сол сипарӣ шуд

Имрӯз аз ҳабси собиқ фармондеҳи Гвардияи президентии Тоҷикистон, собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Ғаффор Мирзоев расо 10 сол сипарӣ мешавад. Рӯзи 6-уми августи соли 2004 ӯ аз ҷониби гурӯҳи кормандони Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон таҳти фармондеҳии он замон раҳбари ин даста Олег Захарченко дар ҳавлии бинои […]



Имрӯз аз ҳабси собиқ фармондеҳи Гвардияи президентии Тоҷикистон, собиқ директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Ғаффор Мирзоев расо 10 сол сипарӣ мешавад.

Рӯзи 6-уми августи соли 2004 ӯ аз ҷониби гурӯҳи кормандони Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон таҳти фармондеҳии он замон раҳбари ин даста Олег Захарченко дар ҳавлии бинои Агентӣ ба ҳабс гирифта шуд.

Колеггияи судии Суди олии Тоҷикистон 11-уми августи соли 2006 Ғаффор Мирзоевро ба ҳабси абад маҳкум намуд.

Колллегияи ҳарбии Прокуратураи генералии Тоҷикистон собиқ генералро дар содир намудани 112 ҷиноят аз рӯи 34 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла терроризм, ташкили се куштор, кӯшиши ошӯби низомӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, суистеъмол аз мансаби хизматӣ ва ғайра гунаҳкор донист.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар (солҳои 1992-1997) Ғаффор Мирзоев яке аз қумондонҳои маъруфи Фронти халқӣ маҳсуб меёфт.

Пас аз ҳабси Ғаффор Мирзоев қариб тамоми амволи дар қаламрави Тоҷикистон қарордоштаи ӯ ба нафъи давлат мусодира гардид. Бародарӣ ӯ Абдурасул Мирзоев бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шуд.

Суди олӣ А.Мирзоевро барои нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳаи оташфишон, кӯшиши табадуллоти давлатӣ ва ғоратгарӣ ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Пас аз фирор аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ дар моҳи августи соли 2010 ҳамроҳи 25 нафари боздоштшудагони дигар, ӯ ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Панҷ соли ин муҳлатро А.Мирзоев дар ҳуҷраи якнафараи низоми шадид паси сар мекунад.

Аз замони ҳабси Ғаффор Мирзоев дар Тоҷикистон аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ се маротиба афв эълон шуд, вале ҳеҷ кадоме аз он нисбати ӯ мавриди амал қарор нагирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.