Боздошти пешвои гурӯҳи ғоратгарони тоҷик «Малыш» дар Маскав

Дар шаҳри Маскав ду нафар аъзои гурӯҳи ғоратгарон ва пешвои онҳо, ки дар олами ҷиноӣ бо лақабҳои «Малыш» ва «Якуб» маъруф аст, боздошт шуданд. Бино ба маълумоти Раёсати кофтукови ҷиноятии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, аъзои гурӯҳ аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, эҳтимол меравад, ки маҳз ҳамин афрод ҳафтаи гузашта аз тоҷирони Чин 8 […]



Дар шаҳри Маскав ду нафар аъзои гурӯҳи ғоратгарон ва пешвои онҳо, ки дар олами ҷиноӣ бо лақабҳои «Малыш» ва «Якуб» маъруф аст, боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати кофтукови ҷиноятии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, аъзои гурӯҳ аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, эҳтимол меравад, ки маҳз ҳамин афрод ҳафтаи гузашта аз тоҷирони Чин 8 млн. рублашонро рабудаанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 18-уми июл ғоратгарон бо истифода аз силоҳи оташфишон ба кормандони корхонаи хусусии посбонӣ (ЧОП) ҳамла намудаанд, ки дар натиҷа автомашинаи посбонон чаппа шуда, яке аз онҳо аз китфаш захмӣ шудааст. Ғоратгарон сумкаи ҳуҷҷатҳову маблағи пулиро бо худ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зиёни расида аз ин ҳамла муайян карда мешавад.

Санаи 30-юми июл ғоратгарон дар ноҳияи Капотня ба шаҳрвандони Чин дарафтода, шишаи автомашинаи онҳоро мешикананд ва сипас бо таппонча ба онҳо таҳдид намуда, сумкаи онҳоро бо худ мебаранд, ки дар он 8 млн. рубл маблағи пулӣ будааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далелҳо мутобиқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноии Русия (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷараёни тафтиши ин ҷинояти густохона нисбати шаҳрвандони хориҷиро сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав Анатолий Якунин шахсан таҳти назорат гирифта, дере нагузашта он ошкор гардид.

Муфаттишон муайян кардаанд, ки «Малыш» дар бораи аз баъзе бозорҳои шаҳр ба ҷойи дигар интиқол ёфтани маблағҳои зиёди пулӣ маълумот мегирифтааст.

Рӯзи 1-уми август кормандони милиса дар яке аз марказҳои савдои шаҳри Маскав се нафар гумонбаршудагон ба ин амалҳо, аз ҷумла пешвои гурӯҳи ҷиноятпешаи муташаккилро боздошт намуда, тибқи маълумоти онҳо, дар як қатор ҷиноятҳои ба ин монанд низ даст доштани онҳо аз эҳтимол дур нест.

Айни замон нисбати онҳо чораи дар ҳабс нигоҳ доштан мавриди амал қарор гирифта, мақомоти пулис ҷиҳати муайян кардани аъзои дигари гурӯҳ ва тамоми ҳолатҳои қонуншикании содиршуда аз ҷониби онҳо чораҷӯӣ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.