Ҳалокати 5 нафар дар садамаҳои нақлиёт муддати як шабонарӯз

Шабонарӯзи ахир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 5 тан ҳалок ва 3 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лассати» Фаррух Мирзоеви 24-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он аввал ба симчӯби назди роҳ  бархӯрда, сипас ба чуқурӣ сарозер меравад, […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи ахир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 5 тан ҳалок ва 3 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лассати» Фаррух Мирзоеви 24-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он аввал ба симчӯби назди роҳ  бархӯрда, сипас ба чуқурӣ сарозер меравад, ки дар натиҷа сокинони ноҳияи мазкур Ҷумъахон Давлатови 24-сола ва Аҳлиддин Шарифови 22-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар натиҷаи бархӯрди автомашинаи сабурави «Опел-Вектра» бо автомашинаи боркаши тамғаи «ЗИЛ» ронандаи автомашинаи сабурав, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Эркинҷон Бердиеви 38-сола ба ҳалокат расида, як мусофири он ҷароҳат бардоштааст.

Гуфта мешавад, дар роҳи мошингарди Душанбе – Данғара – Кӯлоб дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани автомашинаи тамғаи «БМВ-3181» таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Бахтиёр Имомалиев ва автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107» таҳти идораи сокини 46-солаи ноҳияи Данғара Давлатманд Азизов ду нафар – ронандаи «ВАЗ-2107» ва мусофири «БМВ» ба ҳалокат расида, ронандаи «БМВ» бо ҷароҳатҳо ба бемористон мунтақил шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.