Мавриди амали қарор гирифтани қонун дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ

Санаи 5-уми август дар нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ба нашр расид ва аз ин ба баъд он мавриди амал қарор дода мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, аллакай барои татбиқ кардани қонуни номбурда маҷмӯи чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои боло […]

ASIA-Plus



Санаи 5-уми август дар нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ба нашр расид ва аз ин ба баъд он мавриди амал қарор дода мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, аллакай барои татбиқ кардани қонуни номбурда маҷмӯи чорабиниҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои боло таҳияи санадҳои меъёрӣ барои танзим намудани кори ташкилотҳои қарзие, ки мехоҳанд дар асоси рукнҳои бонкдории исломӣ фаъолият намоянд, лозим аст.

«Дар ин ҷода байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои таҳияи санадҳои меъёрии зарурӣ оид ба татбиқи фаъолияти бонкии исломӣ ва ҷудо намудани як кӯмаки техникӣ (грант) машварату гуфтушунидҳо идома доранд», – омадааст дар иттилои хадамоти матбуоти БМТ.

Ба иттилои манбаъ, ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки исломии рушд имконият медиҳанд, ки гуруҳи мутахассисони яке аз ширкатҳои машваратии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрии заруриро барои дар амал ҷорӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ таҳия намоянд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли ҷорӣ палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қонун «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»-ро қабул кард.

Тафовути аслии фаъолияти бонкии исломӣ аз фаъолияти бонки маъмулӣ дар он ифода меёбад, ки ин бонк бидуни пардохти фоиз қарз медиҳад, зеро тибқи қоидаҳои шариати ислом, даромад гирифтан аз қарз гуноҳ шуморида мешавад.

Дар фаъолияти бонкии исломӣ ба саҳмгузорон (амонатгузорон) низ фоиз пардохт карда намешавад, зеро ин ҳам гуноҳ аст. Зимни фаъолияти бонкии исломӣ танҳо дар сурате як ҳиссае аз даромад гирифта мешавад, ки агар ба даст овардани даромад аз қарзи додаи он оғоз гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.