«Сангтӯда-1» амалисозии лоиҳаи башардӯсонаро ба итмом расонид

Ҷамъияти саҳҳомии кушода «НБО Сангтӯда-1» дар ҳамдастӣ бо ҶДММ Фонди кумаки «Некӣ» амалмсозии лоиҳаи башардӯстона (гуманирӣ)-ро ба итмом расонид. Дар ин муддат Маркази ғамхории назди Фонд аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои он таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд. «НБО Сангтӯда-1» корхонаи масъули иҷтимоӣ мебошад. Мо ҳамеша талош меварзем, ки ба ниёзмандону ба ҳимоят эҳтиёҷдоштагон дасти […]

Иттилоияи расмӣ



Ҷамъияти саҳҳомии кушода «НБО Сангтӯда-1» дар ҳамдастӣ бо ҶДММ Фонди кумаки «Некӣ» амалмсозии лоиҳаи башардӯстона (гуманирӣ)-ро ба итмом расонид.

Дар ин муддат Маркази ғамхории назди Фонд аз таъмири хушсифат бароварда шуда, барои он таҷҳизоти зарурӣ дастрас карда шуд.

«НБО Сангтӯда-1» корхонаи масъули иҷтимоӣ мебошад. Мо ҳамеша талош меварзем, ки ба ниёзмандону ба ҳимоят эҳтиёҷдоштагон дасти ёрӣ дароз кунем. Аз ин рӯ, сарфи назар аз мушкилоти молии мавҷуда, ба касоне, ки ба кумаки таъҷилӣ ниёзманданд, ёрӣ мерасонем ва минбаъд низ ин сиёсатро роҳандозӣ хоҳем кард», – мегӯяд дар ин робита директори генералии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» Павел Лавров.

Директори Фонд Сиддиқ Раҳмонов дар навбати худ зикр кард, ки ба Маркази ғамхории назди Фонд ҳамарӯза 12-15 нафар кӯдакон меоянд ва дар марказ барои истироҳату таҳсил ва барқарор кардани солимии кӯдакон тамом шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

«Ҳадафи аслии фаъолияти Марказ ҳарчи бештар ба таҳсил фарогири кӯдакони маъюб ва ҳамгиройии онҳо ба ҷомеа мебошад. Айни замон 111 нафар кӯдакони маъюби аслан гирифтори бемории фалаҷ таҳти сарпарастиву тарбияти Марказ қарор доранд», – қайд кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки Иттиҳодияи хайриву тарбиявӣ ва ҷамъиятии «Фонди кумак ба кӯдакони маъюби «Некӣ» соли 1999 аз ҷониби гурӯҳи маъюбон тасъсис дода шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.