Кишварҳои дорои мақоми нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) – Афғонистон, Ҳиндустон ва Муғулистон алҳол намояндагони ҳайатҳои худ барои иштирок дар нишасти СҲШ дар Душанберо муайян накардаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, кишварҳои дигари нозири созмон – ҳайати Эрону Покистонро дар нишасти Душанбе мутаносибан президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф раҳбарӣ мекунанд.
Ҳайатҳои давлатҳо дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, президенти Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ хоҳанд кард.
Дар доираи иштирок дар кори нишасти СҲШ сарони кишварҳои Эрону Чин ва Қирғизистон сафарҳои расмии худ ба Тоҷикистонро анҷом медиҳанд.







