Ташрифи Ислом Каримов ба Тоҷикистон

Моҳи сентябр президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон ташриф оварданист. Сарвари давлати Ӯзбекистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ширкат меварзад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафари кории сарвари давлати кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди «як ба як»-и ӯ […]

ASIA-Plus



Моҳи сентябр президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон ташриф оварданист. Сарвари давлати Ӯзбекистон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ширкат меварзад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафари кории сарвари давлати кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дидору гуфтушуниди «як ба як»-и ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки бинобар сабаби мухолифатҳои ҷойдошта миёни кишварҳо дар масъалаи истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле кам бо ҳамдигар дидору гуфтушунид мекунанд.

Вохӯрии ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов беш аз чор сол қабл – ҳамчунин дар доираи нишасти СҲШ моҳи июни соли 2010 дар Тошканд баргузор шуда буд.

Бори ахир моҳи августи соли 2008 Ислом Каримов аз Душанбе боздид намуда, дар кори нишасти «шашгонаи Шанхай» иштирок карда буд.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин маротиба изҳор намудаанд, ки мушкилоти мавҷуда дар муносибатҳои кишварҳоро бидуни миёнаравҳо, тариқи гуфтушунидҳои дуҷониба ҳаллу фасл карданианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.