Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов рӯзҳои 11-12-уми сентябри соли равон бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати кишвари ҳамсоя ин дафъа ба Тоҷикистон ба сифати меҳмони фахрии раиси кунунии Созмони ҳамкории Шанхай – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меояд.
«Зимни гуфтушуниди Г.Бердимуҳаммедов ба сарвари давлати Тоҷикистон баррасии масоили марбут ба амалисозии тавофуқоти қаблан ҳосилшгуда миёни кишварҳо дар назар аст», – иброз дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 5-уми майи соли ҷорӣ президенти Туркманистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Он замон зимни мулоқоти дуҷониба бо Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди алоқаи нақлиётӣ, аз ҷумла нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Масъалаи суръат бахшидан ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар меҳвари гуфтушунидҳои ҳарду ҷониб қарор дошт. Аз рӯи натиҷаҳои ин сафар миёни Тоҷикистону Туркманистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.







