Аз таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон буҷети Русия 300 млн. $ талаф дод

Муддати чандин сол Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон бо сармояи умумии андӯхта дар ҳаҷми беш аз 1,6 млрд. доллари ИМА боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе, айни замон дар Тоҷикистон беш аз 130 корхонаҳои русиягӣ ва корхонаҳои муштарак бо сармоягузории Русия фаъолият доранд. «Маблағи умумии талафоти буҷети федералии Русия аз интиқоли […]

ASIA-Plus



Муддати чандин сол Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон бо сармояи умумии андӯхта дар ҳаҷми беш аз 1,6 млрд. доллари ИМА боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе, айни замон дар Тоҷикистон беш аз 130 корхонаҳои русиягӣ ва корхонаҳои муштарак бо сармоягузории Русия фаъолият доранд.

«Маблағи умумии талафоти буҷети федералии Русия аз интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ аз 12-уми ноябри соли 2013 ҳудуди 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд», – баён мегардад дар маълумоти сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон.

Зикр мегардад, ки ҳамасола муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватанашон маблағҳои пулӣ интиқол медиҳанд, ки ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъсири мусбат мерасонад ва соли гузашта ҳаҷми умумии маблағҳои пулии интиқолёфта аз Русия ба Тоҷикистон 4,2 млрд. доллари ИМА (48% нисбат ба ММД-и кишвар)ро ташкил додаанд.

«Русия ҳамасола барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Русия идрорпулиҳо ҷудо намуда, соли хониши 2013-2014 донишҷӯёни тоҷик бо 1133 ҷойи буҷетӣ таъмин гардиданд. Соли хониши 2014-2015 аз рӯи квотаҳои давлатӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 800 ҷой барои таҳсил дар Русия ихтисос дода шуд», – зикр мегардад дар маълумоти сафоратхона.

Гуфта мешавад, давоми солҳои 2012-2013 аз ҷониби Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ҳаҷми 2 млн. доллари ИМА ва тайи солҳои 2008-2013 ба маблаги 2,7 млн. доллари ИМА кумак расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.