Шаҳрванди Қирғизистон ҳадафи тири марзбонони тоҷик қарор гирифт

Намояндаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қитъаи Ҷиргатол чанде қабл марзбонони қирғизро огоҳ кард, ки рӯзи 9-уми август дар қаламрави Тоҷикистон, маҳаллаи аҳолинишини Тупакӯл (мавзеи пиряхи Лайсуу) миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирппаронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта шудааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки бино ба маълумоти […]

Аваз Юлдошев



Намояндаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар қитъаи Ҷиргатол чанде қабл марзбонони қирғизро огоҳ кард, ки рӯзи 9-уми август дар қаламрави Тоҷикистон, маҳаллаи аҳолинишини Тупакӯл (мавзеи пиряхи Лайсуу) миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирппаронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистон, ду нафари дигар боздошт шуда, дар ҷойи ҳодиса милтиқи қутри 7,62 мм бо 8 тир, милтиқи хурди ТОЗ-8, дурбини истеҳсоли хориҷӣ ва 2 сар асп дарёфт шудааст. Муайян карда шудааст, ки ҳар се шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, санаи 10-уми август ҷасади шаҳрванди ҳалокшуда ҷиҳати анҷом додани ташхисҳои зарурӣ ба ихтиёри марзбонони қирғиз супурда шудааст. Ду шаҳрванди дигари кишвари ҳамсоя дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ ҶТ дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ шуда, тибқи маълумоти пешакӣ, дар қаламрави Тоҷикистон онҳо ба шикор машғул будаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел тафтиш ҷараён дошта, оид ба ватан баргардонидани ду нафар шаҳрванди Қирғизистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса имрӯз, 11-уми август вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Қирғизистон дар қитъаи Ӯш ва Тоҷикистон дар қитъаи Ҷиргатол баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.