Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро рӯзҳои 17-18-уми декабр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аввали моҳи август ӯ бевосита бо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар минтақаҳои кишвар шинос шуда, масъалаи омодагӣ ба интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллиро дар моҳи феврали соли оянда баррасӣ карданӣ буд, аммо ҳабси муовинаш адвокат Шуҳрат Қудратов ин нақшаҳоро тағйир додааст.
Ба гуфтаи раиси ҳизб, рӯзҳои наздик ӯ бо муфаттиши парвандаи Қудратов мулоқот оростанист ва сипас ба минтақаҳои кишвар сафар мекунад. «Баъди боздид аз минтақаҳои кишвар ва омӯзиши имконоти бахшҳои ҲСДТ дар маҳалҳо, мо бевосита омодагирӣ ба анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро оғоз мекунем», – таъкид дошт раиси ҲСДТ.
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 18-уми марти соли 1998 аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабти ном шуд. Айни замон дар сафҳои худ беш аз 8 ҳазор нафар шаҳрвандонро муттаҳид намуда, ҳизби мухолифи ҳукумати кунунӣ аст.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар як вақт бо интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.



