Рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, алҳол хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷамъоварии ҳосили пунбадона оғоз накардаанд, зеро айни замон ҳосил дар ҳолати нашъунамо қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки маъмулан ҳамасола ҷамъоварии ҳосили пахта дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ нимаи моҳи август ва дар саросари кишвар аввали моҳи сентябр оғоз мегардад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, имсол пунбадона дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 177 ҳазор гектар кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна ҳосили пахта дар назар аст.
Соли гузашта пнбадона дар кишвар дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд. Соли 2012 аз майдони умумии 200 ҳазор гектар 406 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда буд.



