Ширкати шведии «SWECO International AB» заминаи фанниву иқтисодии лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахтро таҳия сохтааст

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – 15 июли соли 2008 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт намояндагони масъули Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро таҳти роҳбарии Директори алтернативии бонки мазкур аз Нидерландия ҷаноби Ханс Спроккриф ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ба Раиси шаҳр иттилоъ дода […]

root


Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – 15 июли соли 2008 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт намояндагони масъули Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро таҳти роҳбарии Директори алтернативии бонки мазкур аз Нидерландия ҷаноби Ханс Спроккриф ба ҳузур пазируфт.




Дар ҷараёни мулоқот ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои дахлдори то ба имрўз байни ҷонибҳо ба имзорасида, аз тарафи

 

ширкати шведии «


SWECO




International




AB


» ҳамчун мушовири татбиқи Лоиҳа пажӯҳиши тамоми ҷузъиёти беҳбудбахшии ҳолати беҳдошти шаҳр ва барориши саривақтии партовҳои маишӣ ҷиҳати омодасозии заминаи фанниву иқтисодии лоиҳа

 

корҳо ба анҷом расидаанд. Феълан Созишнома оид ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, ки фарогири масъалаҳои харидории техникаҳои коммуналии партовкашон, қуттиҳои зарурӣ барои ҷамъоварии партов ва таҷдиди партовгоҳи шаҳрӣ мебошад, омода карда шудааст, ки мавриди баррасии тарафҳо қарор дошта, рӯзҳои наздик манзури мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати ба тасвиб расонидан пешниҳод карда мешавад.



Раиси шаҳр аз вусъати корҳо дар

 

ин самт изҳори қаноатмандӣ намуда, аз масъулини тарафҳо талаб кард, ки бо риояи ҷузъиёти қарордодӣ дар мавриди таносуби маблағҳои бурсӣ ва қарзии лоиҳа, ки дар маҷмӯъ 9,8 млн. $-ро ташкил медиҳанд, созишнома омода созанд, ки он нек пазируфта шуд.



Зимни мулоқот берун аз масъалаи Лоиҳаи мазкур, масъулини Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷиҳати иштирок дар маблағгузории дигар лоиҳаҳои рушди ҳаёти хоҷагидории пойтахт изҳори омодагӣ намуданд. Шаҳрдорӣ аз иқдомоти Бонк ҷонибдорӣ намуда, пешниҳод сохт, ки дар бахши насби ҳисобкунакҳои обӣ, гузариш ба низоми обҳои зеризаминӣ, таҷдиди роҳҳо ва хатҳои барқии троллейбусҳо, коркарди нерӯи алтернативӣ барои

 

истеҳсоли гармӣ ва оби гарм

 

саҳмгузор гарданд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов хабар дод.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.