Раиси Маҷлиси миллӣ ва намояндаи мардумии Ҷопон масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумониро муҳокима карданд

Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо Котиби парламентӣ оид ба масъалаҳои адлияи Парламенти Ҷопон, аъзои Ассосиатсияи дўстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон ҷаноби Ёшихиса Фурукава масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоро, ки дар партави татбиқи сиёсати дўстона ва муносибатҳои ҳасанаи роҳбарони […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо Котиби парламентӣ оид ба масъалаҳои адлияи Парламенти Ҷопон, аъзои Ассосиатсияи дўстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон ҷаноби Ёшихиса Фурукава масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоро, ки дар партави татбиқи сиёсати дўстона ва муносибатҳои ҳасанаи роҳбарони олии мамлакатҳо амалӣ карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.






Ёвари Раиси ММ МО ҶТ оид ба робита бо воситаҳои ахбори умум ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод, ки ҷонибҳо истифодаи ҳар чӣ бештари имконоти мавҷударо дар доираи созишномаҳои амалкунанда таъкид сохтанд.

 






Ба гуфтаи М.Убайдуллоев, қабл аз ҳама




дар марҳилаи кунунӣ оид ба ташкили фазои мусоиди ҳуқуқӣ робитаҳои байнипарлумонӣ метавонад нақши муассир дошта бошад ва ММ МО ҶТ ҷавобан ба даъвати мавҷуда омода аст, тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад. Ш. Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷонибҳо зикр карданд, ки аз нигоҳи захираҳои обӣ кишварҳо ҳамшабеҳӣ дошта, месазад, ки таҷрибаи фарогирифтаи ин кишвари дӯст тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва дигар барномаҳо оид ба истеҳсоли маводи озуқа бештар таъмин гардад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.